Соли 2023
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз 2023)
| Солҳо |
|---|
| 2019 · 2020 · 2021 · 2022 — 2023 — 2024 · 2025 · 2026 · 2027 |
| Даҳаҳо |
| 2000-ум · 2010-ум — 2020-ум — 2030-ум · 2040-ум |
| Садаҳо |
| садаи XX — садаи XXI — садаи XXII |
- 24 январ — Дар Душанбе маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2022 ҷамъбаст гардида, вазифаҳои асосии рушди мамлакат барои соли 2023 муайян карда шуданд. Аз ҷумла, рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоя, афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.[1][2]
- 23 феврал — Дар Тоҷикистон 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид. Ба муносибати ин санаи таърихӣ дар Душанбе чорабиниҳои тантанавӣ баргузор шуданд.[3][4]
- 22–24 март — Дар Ню-Йорк Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 баргузор гардид, ки онро Тоҷикистон ва Нидерланд ҳамраисӣ карданд. Конфронс аввалин чорабинии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об баъди соли 1977 буда, ба баррасии иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ва таҳияи Water Action Agenda (Рӯзномаи амали об) равона гардид. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар он иштирок ва суханронӣ намуд. [5][6][7]
- 18–19 май — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар чорабиниҳои нахустин Саммити Чин–Осиёи Марказӣ иштирок намуд. 19 май саммит таҳти раёсати Президенти Чин Си Ҷинпин баргузор гардида, роҳбарони Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ Эъломияи Сиан ва маҷмӯи санадҳои марбут ба густариши ҳамкории минтақавиро қабул карданд.[10][11][12]
- 5–7 июн — Дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Осиёи Марказӣ: ба сӯи ояндаи устувор тавассути ниҳоди қавии минтақавӣ», бахшида ба 30-солагии Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва созмонҳои байналмилалӣ масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ, об, муҳити зист ва барқарорсозии ҳавзаи Баҳри Арал-ро баррасӣ карданд.[13][14][15]
- 19 июл — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар нахустин Саммити Осиёи Марказӣ–Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ иштирок намуд. Дар нишаст масъалаҳои таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, амнияти озуқаворӣ, об ва иқлим баррасӣ гардида, санади муштараки сарони давлатҳо қабул шуд.[16][17][18]
- 15 август— Дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корхонаи истеҳсоли омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва ранги ҶДММ «Шимшо» ба истифода супорида шуд. Корхона дар доираи «Солҳои рушди саноат» ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба рушди саноати коркард ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ равона шудааст.[19][20]
- 30 август — Дар натиҷаи боришоти шадид, сел, ярч ва обхезиҳо дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон талафоти ҷонӣ ва хисороти ҷиддӣ ба қайд гирифта шуд. Ҳодисаҳои табиӣ ба инфрасохтор ва манзилҳои аҳолӣ зарар расониданд.[21][22]
- 14 сентябр — Дар Душанбе Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро раисӣ намуд. Дар натиҷа маҷмӯи санадҳо барои густариши ҳамкории минтақавӣ қабул гардид.[23][24][25]
- 15 сентябр — Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид. Дар он роҳбарони давлатҳои муассиси Фонд масъалаҳои фаъолияти минбаъдаи созмон, истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист ва татбиқи барномаҳои ҳавзаи Аралро баррасӣ карданд.[26][27]
- 20 сентябр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ намуд. Дар суханронӣ масъалаҳои тағйирёбии иқлим, об ва пиряхҳо, амнияти байналмилалӣ, Афғонистон, терроризм, рушди устувор ва тақвияти ҳамкории минтақавӣ матраҳ гардиданд. Президент инчунин аз натиҷаҳои Конфронси оби СММ-2023 ва Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ёдовар шуд.[28][29]
- 13 октябр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешваои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ гардида, аз рӯи натиҷаҳои он 15 қарор ва санад қабул шуд.[30][31]
- 9 ноябр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар нишаст масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодӣ, тиҷорат, нақлиёт, энергетика ва робитаҳои минтақавӣ баррасӣ гардиданд. [32][33]
- 21 ноябр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Федератсияи Русия рафт ва дар Москва бо Президенти Русия Владимир Путин мулоқоту музокироти сатҳи олӣ анҷом дод. Ҷонибҳо масъалаҳои шарикии стратегӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва амниятиро баррасӣ намуданд. [34][35]
- 1 декабр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси тағйирёбии иқлими СММ (COP28) дар Дубай иштирок ва суханронӣ намуд. Тоҷикистон дар доираи COP28 масъалаҳои об, иқлим, пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро пеш бурд. Ҳамчунин дар ҳошияи конфронс павилиони «Об барои иқлим» ба фаъолият оғоз кард.[36][37]
- 28 декабр — Дар Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа намуд. Дар Паём натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ҷамъбаст гардида, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ва вазифаҳои минбаъдаи рушди мамлакат муайян карда шуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки ММД-и Тоҷикистон дар соли 2023 нисбат ба соли қаблӣ 8,3 фоиз афзоиш ёфта, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расид.[38][39][40]
- Соли 2023 — Дар Тоҷикистон 729 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд. Афзоиши шумораи корхонаҳои нав ба рушди саноати коркард, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, иваз намудани воридот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд. Ин натиҷа дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ба даст омад.[41][42]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). president.tj (24 Январ 2023).
- ↑ АМИТ «Ховар». Имрӯз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид(тоҷ.). khovar.tj (24 Январ 2023).(пайванди дастнорас)
- ↑ Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Cultural program in honor of the Day of the creation of the Armed Forces of the Republic of Tajikistan(англ.). vkd.tj (21 February 2023).
- ↑ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе. Маросими ҷамъбасти фестивали афсарон ва сарбозони шаҳри Душанбе(тоҷ.). dushanbe.tj (22 феврали 2023).
- ↑ Созмони Милали Муттаҳид. Opening statement to the UN 2023 Water Conference(англ.). un.org (22 March 2023).
- ↑ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Participation in the closing ceremony of the UN Water Conference(англ.). mfa.tj (24 March 2023).
- ↑ Бонки ҷаҳонӣ. UN 2023 Water Conference(англ.). worldbank.org (22 March 2023).
- ↑ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Commissioning of hydraulic unit No. 1 of Sarband HPP in the city of Levakant(англ.). medt.tj (25 April 2023).
- ↑ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Laying the foundation stone for construction and reconstruction of Bokhtar-Levakant and Levakant-Lolazor highways(англ.). medt.tj (25 April 2023).
- ↑ Ministry of Foreign Affairs of the People's Republic of China. President Xi Jinping Chairs the Inaugural China-Central Asia Summit and Delivers a Keynote Speech(англ.). fmprc.gov.cn (19 May 2023).
- ↑ Ministry of Foreign Affairs of the People's Republic of China. President Xi Jinping and the Presidents of the Five Central Asian Countries Jointly Meet the Press(англ.). mfa.gov.cn (19 May 2023).
- ↑ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Meeting with representatives of business and investment companies of the People's Republic of China(англ.). medt.tj (18 May 2023).(пайванди дастнорас)
- ↑ Scientific Information Center of Interstate Commission for Sustainable Development. 23rd Meeting of IFAS Board convened in Dushanbe(англ.). sic-icsd.com.tm (5 June 2023).
- ↑ UNDP Tajikistan. Building resilience in Tajikistan: Mainstreaming climate risk assessment to support adaptation(англ.). undp.org (12 June 2023).
- ↑ CAWater-Info. Resolution of the Participants of the International Conference “Central Asia: towards Sustainable Future through a Strong Regional Institution”(англ.). cawater-info.net (8 June 2023).
- ↑ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иштирок дар нахустин нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ(тоҷ.). president.tj (19 июли 2023).
- ↑ Ministry of Foreign Affairs of the Sultanate of Oman. Joint statement of GCC Central Asia Summit(англ.). fm.gov.om (19 July 2023).
- ↑ Arab News. GCC countries cement ties, unlock potential of partnership with Central Asian C5 bloc at summit in Saudi Arabia(англ.). arabnews.com (19 July 2023).
- ↑ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз корхонаи истеҳсоли омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва ранги ҶДММ «Шимшо»-ро ба истифода супориданд(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (15 августи 2023). 23 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (28 Декабри 2023). 23 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). president.tj.
- ↑ АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар»(тоҷ.). khovar.tj.
- ↑ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Брифинг оид ба натиҷаҳои Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ(тоҷ.). mfa.tj (14 сентябри 2023).
- ↑ United Nations Regional Centre for Preventive Diplomacy for Central Asia. SRSG Kaha Imnadze participates at the Fifth Consultative Meeting of Heads of State of Central Asia(англ.). unmissions.org (14 September 2023).
- ↑ UzDaily. President of Uzbekistan puts forward several proposals on the prospects for further interaction between Central Asian states(англ.). uzdaily.uz (14 September 2023).
- ↑ CAWater-Info. BULLETIN № 5 (98)(англ.). cawater-info.net (15 September 2023).
- ↑ News Central Asia. Dushanbe Meeting of the Council of the Heads of the Founding States of the International Fund for Saving the Aral Sea – Outcomes(англ.). newscentralasia.net (15 September 2023).
- ↑ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид(тоҷ.). president.tj (20 сентябри 2023).
- ↑ Созмони Милали Муттаҳид. Official Records of the General Assembly — Address by Mr. Emomali Rahmon, President of the Republic of Tajikistan(англ.). un.org (20 September 2023).
- ↑ АМИТ «Ховар». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуданд(тоҷ.). khovar.tj (13 октябри 2023).
- ↑ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. News and documents of the Ministry of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan(англ.). mfa.tj.
- ↑ Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Participation in the 16th Meeting of Heads of State of the Economic Cooperation Organization(англ.). akn.tj (9 November 2023).
- ↑ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. News and events of the Ministry of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan(англ.). mfa.tj.
- ↑ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Meeting and negotiations at the highest level between Tajikistan and Russia(англ.). ctd.tj (21 November 2023).
- ↑ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Signing ceremony of new documents of cooperation between the Republic of Tajikistan and the Russian Federation(англ.). mfa.tj (22 November 2023).
- ↑ UNFCCC. World Climate Action Summit and high-level segment at COP28(англ.). unfccc.int (1 December 2023).
- ↑ Dushanbe Water Process. Opening of the “Water for Climate” pavilion as part of COP28(англ.). dushanbewaterprocess.org (2 December 2023).
- ↑ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»(тоҷ.). president.tj (28 Декабри 2023).
- ↑ АМИТ «Ховар». Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»(тоҷ.). khovar.tj (28 Декабри 2023).
- ↑ АМИТ «Ховар». Соли 2023 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 8,3 % зиёд гардид(тоҷ.). khovar.tj (28 Декабри 2023).
- ↑ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2023(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (Январ 2024). 23 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (28 Декабри 2023). 23 августи 2026 санҷида шуд.