Соли 2020
Намуди зоҳирӣ
| Солҳо |
|---|
| 2016 · 2017 · 2018 · 2019 — 2020 — 2021 · 2022 · 2023 · 2024 |
| Даҳаҳо |
| 2000-ум · 2010-ум — 2020-ум — 2030-ум · 2040-ум |
| Садаҳо |
| садаи XX — садаи XXI — садаи XXII |
Рӯйдодҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Соли 2020 — дар соли 2020 Паёми алоҳидаи солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа нагардид. Паёми қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 пешниҳод шуда, Паёми навбатӣ 26 январи соли 2021 баргузор гардид. [1][2][3]
- 20 январ — дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти соли 2019 ва вазифаҳои соли 2020, аз ҷумла татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, баррасӣ шуданд.[4][5]
- 22 январ — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи сармоягузорӣ оид ба ҷорӣ намудани низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ дар шаҳри Душанбе ро тасдиқ кард. Арзиши умумии лоиҳа 88 миллион доллари ИМА буда, насби беш аз 250 ҳазор ҳисобкунаки нави барқиро дар назар дошт.[6][7]
- 23 январ — Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ намуд.[8][9]
- 21 феврал — дар шаҳри Душанбе ба муносибати 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор гардид.[10][11]
- 25 феврал — Бонки ҷаҳонӣ барои лоиҳаи барқарорсозии молиявии соҳаи энергетикаи Тоҷикистон 134 миллион доллари ИМА маблағгузории грантӣ тасдиқ намуд. Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани устувории молиявӣ ва самаранокии ширкати «Барқи Тоҷик» ва беҳтар намудани таъминоти барқ буд.[12][13]
- 29 феврал — дар Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 ва интиқоли он ба ҷумҳурӣ баргузор гардид.[14][15]
- 1 март — дар Тоҷикистон интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тибқи натиҷаҳои пешакӣ, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 50,40% овозҳои рӯйхати ҳизбиро гирифт.[16][17][18]
- 2 март — Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии интихоботи 1 марти соли 2020 эълон намуд. Аз рӯи рӯихати ҳизбӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон — 50,40%, Ҳизби аграрии Тоҷикистон — 16,50%, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон — 16,61%, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон — 5,15% ва Ҳизби демократии Тоҷикистон — 5,10% овоз гирифтанд.[19][20]
- 13 март — Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе номзадии Рустами Эмомалиро ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.[21][22]
- 17 март — Маҳмадтоир Зокирзода дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардид.[23][24]
- 18 март — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамоҳангсозии чораҳои пешгирии паҳншавии Дунёгирии COVID-19 дар Тоҷикистон ситоди байниидоравиро таъсис дод ва нақшаи омодагӣ ва вокуниш ба пандемия таҳия гардид.[25][26]
- 27 март — интихоботи вакилони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.[27][28]
- 2 апрел — Бонки ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи фаврииCOVID-19 11,3 миллион доллари ИМА грант тасдиқ намуд. Маблағ барои хариди маҷмӯи ташхис, таҷҳизоти муҳофизатӣ ва омода намудани тақрибан 100 кати муҷаҳҳази бахши эҳё ва табобати шадид пешбинӣ шуда буд.[29][30]
- 17 апрел — Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб гардид. Раҷаббой Аҳмадзода муовини якум ва Ёдгор Файзов муовини Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуданд.[31][32][33]
- 30 апрел — Тоҷикистон аввалин ҳолатҳои расман тасдиқшудаи сирояти Дунёгирии COVID-19 дар Тоҷикистон-ро эълон кард. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар рӯзи аввал 15 ҳолат тасдиқ шуда буд.[34][35]
- 1 май — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласа оид ба масъалаҳои мубориза бо бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла Дунёгирии COVID-19 дар Тоҷикистон, баргузор намуд. Ба мақомоти давлатӣ супориш дода шуд, ки чораҳои беҳдоштӣ, безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд.[36][37]
- 12 май — мақомоти шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии паҳншавии Дунёгирии COVID-19 дар Тоҷикистон қатъи фаъолияти бозорҳои фурӯши либосро то 31 май тамдид карданд.[38][39]
- 14 май — Тоҷикистон аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои расонидани кӯмаки дастаҳои махсуси тиббии ҳолатҳои фаврӣ дар мубориза бо COVID-19 дархости расмӣ намуд. То 13 май дар кишвар 801 ҳолати сироят ва 28 фавт ба қайд гирифта шуда буд.[40][41]
- 10 июн — шумораи расман тасдиқшудаи ҳолатҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ба 4763 нафар расид; аз онҳо 2947 нафар шифо ёфта, шумораи фавтҳои расман вобаста ба коронавирус 48 нафар буд.[46][47]
- 17 июн — Тоҷикистон созишномаи маблағгузорӣ бо Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ барои ҷудо намудани 40 миллион доллари ИМА барои сохтмони роҳи Обигарм–Нурободро тасдиқ намуд.[48][49]
- 2 июл — дар шаҳри Хуҷанд, дар мавзеи бозори марказии «Панҷшанбе», гузаргоҳи зеризаминӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Арзиши сохтмони иншоот тақрибан 20 миллион сомонӣ буда, масоҳати он 5054,4 метри мураббаъро ташкил медод.[54][55]
- 6 август — дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул гардид, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 октябри соли 2020 баргузор карда шавад.[60][61]
- 11 август — тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумораи ҳолатҳои расман тасдиқшудаи COVID-19 дар Тоҷикистон ба 7827 нафар расид. Аз онҳо 6614 нафар шифо ёфта, шумораи фавтҳои расман вобаста ба COVID-19 ба 62 нафар расида буд.[62][63]
- 11 август — Дар Тоҷикистон дар доираи сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар то ин сана 83 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 1135 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, 34 корхона ба вилояти Суғд, 21 корхона ба вилояти Хатлон, 2 корхона ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 13 корхона ба шаҳри Душанбе ва 13 корхона ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меомаданд. Рушди корхонаҳои нав ба зиёд шудани истеҳсолоти саноатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд.[64][65]
- 8 сентябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми шодбошӣ ирсол намуд.[67][68]
- 12 сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент ҷашни 5500-солагии Саразм баргузор гардид. Саразм ҳамчун яке аз қадимтарин марказҳои протошаҳрии Осиёи Марказӣ соли 2010 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шуда буд.[69][70][71]
- 15 сентябри соли 2020 барномаи интихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нашр гардид. Дар он аз ҷумла ду баробар зиёд намудани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар давоми ҳафт соли минбаъда пешбинӣ мешуд.[72][73]
- Аз 1 октябр то 15 октябри соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида шуд. Натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирӣ бояд дар аввали соли 2021 пешниҳод мешуданд.[74][75]
- 11 октябри соли 2020 дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор гардид. Тибқи натиҷаҳои пешакӣ, Президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92% овозҳо барои муҳлати нави ҳафтсола интихоб шуд.[76][77]
- 14 октябри соли 2020 Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентиро эълон кард. Эмомалӣ Раҳмон 3 853 987 овоз ё 90,92% гирифта, интихобшуда эълон гардид; иштироки интихобкунандагон 85,44% буд.[78][79]
- 30 октябри соли 2020 дар Қасри «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон барои муҳлати панҷуми президентӣ баргузор гардид.[80][81]
- 2 ноябри соли 2020 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди интихоб шудани Президент Эмомалӣ Раҳмон истеъфои худро эълон кард. Баъдан ташкили ҳайати нави Ҳукумат оғоз гардид ва Қоҳир Расулзода вазифаи Сарвазирро нигоҳ дошт.[82][83]
- 10 ноябри соли 2020 дар Тоҷикистон Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил гардид ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони мақомоти корҳои дохилиро табрик намуд.[84][85]
- 13 ноябри соли 2020 дар ноҳияи Мурғобии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон неругоҳи офтобии 220 киловатт ба истифода дода шуд. Он бо дастгирии USAID ва дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати Pamir Energy сохта шуда, ҳамчун неругоҳи офтобии баландтарин аз сатҳи баҳр дар ҷаҳон муаррифӣ гардид.[86][87]
- 18 ноябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ворид намуд.[88][89]
- 24 ноябри соли 2020 Ҳукумати Тоҷикистон барои анҷоми сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҷалби қариб 340 миллион доллари ИМА қарзҳои берунӣ ба нақша гирифт.[90][91]
- 3 декабр — Бонки рушди Авруосиё гузориш дод, ки маҳдудиятҳои таъмини неруи барқ ба фаъолияти иқтисодии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонанд. Дар баъзе ноҳияҳои деҳот таъмини барқ ба чанд соат дар як рӯз маҳдуд шуда буд.[92][93]
- 9 декабр — ширкати «Барқи Тоҷик» хабар дод, ки аз 10 декабр таъмини мунтазами неруи барқ дар тамоми минтақаҳои кишвар барқарор карда мешавад. Ширкат таъкид намуд, ки корҳои таъмир ва иваз намудани таҷҳизоти кӯҳна дар шабакаҳо ба анҷом мерасанд.[94][95]
- 10 декабр — дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Қоҳир Расулзода вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигоҳ дошт.[96][97]
- 10 декабр — тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ шумораи расман тасдиқшудаи ҳолатҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ба 12 588 нафар расид; 88 нафар фавтида ва қисми зиёди беморон шифо ёфта буданд.[98][99]
- 23 декабр — баъди тақрибан даҳ соли таваққуф интиқоли гази табиии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд аз нав оғоз гардид. Дар марҳилаи аввал газ барои корхонаҳои саноатӣ ва дигар истеъмолкунандагон пешбинӣ шуда буд.[100][101][102]
- 23 декабр — Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши иқтисодии тирамоҳии худ қайд кард, ки пандемияи COVID-19 ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири назаррас расонида, рушди иқтисодӣ дар нӯҳ моҳи соли 2020 то 4,2% коҳиш ёфтааст, дар ҳоле ки дар ҳамин давраи соли 2019 ин нишондиҳанда 7,2% буд.[103][104]
- 24 декабр — дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои ҶДММ «Асрори санг» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.[105][106]
- 24 декабр — дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе корхонаи коркарди санги хоро ва мармари «СТОУН Сервис» ба истифода дода шуд. Корхона аз ҷониби ҶДММ «Строй комплекс» сохта шуда, иқтидори солонаи он 150 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти сангӣ буда, барои 150 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам овард.[107][108][109]
- 25 декабр — тибқи гузориши расонаҳои Тоҷикистон, ихтироъкори тоҷик Абдусафо Умарҷонов, декани факултети металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, аз ҷониби Академияи илмҳои табиии Русия бо сертификат ва медали ба номи Алфред Нобел қадрдонӣ гардид. Ӯ соҳиби беш аз даҳ патенти ихтироъкорӣ ва тақрибан 60 дастури таълимӣ, мақола ва монография буд.[110][111]
- 25 декабр— Дар доираи корҳои созандагӣ ва татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва як қатор иншооти соҳаи маориф мавриди истифода қарор гирифтанд. Раванди бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ҳамчун қисми сиёсати давлатии рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ арзёбӣ гардид.[112][113]
- 31 декабр — дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта нашуд. Аз оғози бақайдгирии беморӣ то ин сана дар кишвар 13 296 ҳолати сироят, 12 851 ҳолати шифоёбӣ ва 90 фавт ба қайд гирифта шуд.[114][115][116]
- Соли 2020 — дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 300 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо 6500 ҷойи нави корӣ мавриди истифода супорида шуд.[117]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]| Соли 2020 дар Викианбор |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — Моддаи 55(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (26 Декабри 2019). 23 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ An enlarged session of government taking place in Dushanbe today(англ.). Asia-Plus (20 January 2020).
- ↑ Январи соли 2020(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (2020).
- ↑ New electricity billing meters to be installed in Dushanbe(англ.). Asia-Plus (22 January 2020).
- ↑ Январи соли 2020(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (2020).
- ↑ Rustam Emomali nominated for Dushanbe legislature(англ.). Asia-Plus (23 January 2020).
- ↑ Январи соли 2020(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (2020).
- ↑ Tajikistan — February 2020 news archive(англ.). Asia-Plus (21 February 2020).
- ↑ Феврали соли 2020(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (2020).
- ↑ World Bank Supports Sustainable and Efficient Power Sector in Tajikistan(англ.). World Bank (25 February 2020).
- ↑ World Bank approves $134 million grant for Tajikistan's power sector(англ.). Asia-Plus (25 February 2020).(пайванди дастнорас)
- ↑ Феврали соли 2020(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (29 February 2020).
- ↑ WHO/Europe COVID-19 mission on route to Tajikistan at Government’s request(англ.). World Health Organization (1 May 2020).
- ↑ ИНТИХОБОТ-2020. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагонро эълон намуд(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (2 March 2020).
- ↑ Tajikistan House of Representatives March 2020 Election(англ.). Inter-Parliamentary Union (2020).
- ↑ Parliamentary Elections, 1 March 2020(англ.). OSCE/ODIHR (2020).
- ↑ Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (2 March 2020).
- ↑ Tajikistan House of Representatives March 2020 Election(англ.). Inter-Parliamentary Union (2020).
- ↑ Dushanbe mayor nominated for Majlisi Milli(англ.). Asia-Plus (13 March 2020).
- ↑ National Assembly of Tajikistan(англ.). Inter-Parliamentary Union (2020).
- ↑ Маҳмадтоир Зокирзода раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд(тоҷ.). Asia-Plus (17 March 2020).
- ↑ Tajikistan House of Representatives March 2020 Election(англ.). Inter-Parliamentary Union (2020).
- ↑ COVID-19 technical mission of experts to Tajikistan(англ.). World Health Organization (2020). 19 августи 2026 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 августи 2026.
- ↑ Laboratory system strengthening in Tajikistan important factor in the response to COVID-19 during 2020(англ.). World Health Organization (2020).
- ↑ Tajikistan House of Representatives March 2020 Election(англ.). Inter-Parliamentary Union (2020).
- ↑ National Assembly of Tajikistan(англ.). Inter-Parliamentary Union (2020).
- ↑ Tajikistan Gets World Bank Financing to Respond to COVID-19 Pandemic(англ.). World Bank (2 April 2020).
- ↑ WHO/Europe COVID-19 mission on route to Tajikistan(англ.). World Health Organization (1 May 2020).
- ↑ Address by the President of Tajikistan at the First Session of Majlisi Milli(англ.). Ministry of Foreign Affairs of Tajikistan (17 April 2020).
- ↑ President’s son elected to hold the second highest post in Tajikistan(англ.). Asia-Plus (17 April 2020).
- ↑ National Assembly of Tajikistan(англ.). Inter-Parliamentary Union (2020).
- ↑ COVID-19 technical mission of experts to Tajikistan(англ.). World Health Organization (2020). 19 августи 2026 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 августи 2026.
- ↑ Laboratory system strengthening in Tajikistan important factor in the response to COVID-19 during 2020(англ.). World Health Organization (2020).
- ↑ Rahmon holds meeting to discuss issues of combating infectious diseases, including COVID-19(англ.). Asia-Plus (1 May 2020).
- ↑ WHO/Europe COVID-19 mission on route to Tajikistan(англ.). World Health Organization (1 May 2020).
- ↑ Қатъи фаъолияти бозорҳои фурӯши либос дар шаҳри Душанбе то 31 май тамдид карда шуд(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (12 May 2020).
- ↑ Дар Тоҷикистон гузарондани тӯю маъракаҳоро манъ карданд. Сабаб бемории COVID-19(тоҷ.). Радиои Озодӣ (26 May 2020).
- ↑ EMT Request for Assistance: Tajikistan(англ.). World Health Organization (14 May 2020).
- ↑ WHO/Europe COVID-19 mission on route to Tajikistan(англ.). World Health Organization (1 May 2020).
- ↑ Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 24 май таҷлил карда мешавад(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (20 May 2020).
- ↑ Иди Фитр дар Тоҷикистон 24 май аст, вале бе намози дастҷамъӣ(тоҷ.). Радиои Озодӣ (20 May 2020).
- ↑ Дар Тоҷикистон гузарондани тӯю маъракаҳоро манъ карданд. Сабаб бемории COVID-19(тоҷ.). Радиои Озодӣ (26 May 2020).
- ↑ Майи соли 2020(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (2020).
- ↑ Coronavirus: 4,763 officially confirmed COVID-19 cases reported in Tajikistan as of June 10, 2020(англ.). Asia-Plus (11 June 2020).
- ↑ COVID-19 technical mission of experts to Tajikistan(англ.). World Health Organization (2020). 19 августи 2026 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 августи 2026.
- ↑ Tajikistan news archive — June 2020(англ.). Asia-Plus (17 June 2020).
- ↑ Июни соли 2020(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (2020).
- ↑ Tajikistan ratifies agreement with World Bank on the Power Utility Financial Recovery Project(англ.). Asia-Plus (18 June 2020).
- ↑ World Bank Supports Sustainable and Efficient Power Sector in Tajikistan(англ.). World Bank (25 February 2020).
- ↑ Tajikistan economic news archive — June 2020(англ.). Asia-Plus (24 June 2020).
- ↑ Tajikistan’s Post COVID-19 Recovery Could be Faster and More Sustainable with Private Sector Participation(англ.). World Bank (23 December 2020).
- ↑ Дарозтарин гузаргоҳи зеризаминӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (2 July 2020).
- ↑ Tajikistan news archive — July 2020(англ.). Asia-Plus (2020).
- ↑ Дар Данғара комплекси муҳташами парандапарварӣ ба истифода дода мешавад(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (6 July 2020).
- ↑ Tajikistan economic news(англ.). Asia-Plus (2020).
- ↑ 41 prison inmates have died in Tajikistan over H1 2020(англ.). Asia-Plus (13 July 2020).
- ↑ Tajikistan society news(англ.). Asia-Plus (2020).
- ↑ Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (6 August 2020).
- ↑ The date for presidential election in Tajikistan expected to be on August 6(англ.). Asia-Plus (20 July 2020).
- ↑ 42 new officially confirmed cases of COVID-19 reported in Tajikistan yesterday(англ.). Asia-Plus (11 August 2020).
- ↑ Laboratory system strengthening in Tajikistan important factor in the response to COVID-19 during 2020(англ.). World Health Organization (2020).
- ↑ Бунёди 83 корхонаи нави саноатӣ — қадами муассир дар самти саноатикунонии мамлакат(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (11 августи 2020). 23 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Завқӣ Завқизода: «Имсол дар Тоҷикистон 83 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт»(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (3 августи 2020). 23 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2020(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (8 September 2020).
- ↑ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020).
- ↑ 5 500th anniversary of the ancient city of Sarazm(англ.). Ministry of Foreign Affairs of Tajikistan (12 September 2020).
- ↑ AlMalik: ICESCO Works Unwaveringly to Protect Islamic World Heritage(англ.). ICESCO (14 September 2020).
- ↑ 5,500th anniversary of the ancient city of Sarazm(англ.). Ministry of Foreign Affairs of Tajikistan (14 January 2020).
- ↑ Emomali Rahmon promises to double Tajikistan's GDP in seven years(англ.). Asia-Plus (15 September 2020).
- ↑ News and events of the Ministry of Foreign Affairs(англ.). Ministry of Foreign Affairs of Tajikistan (2020).
- ↑ Натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон аввали соли 2021 пешниҳод мешаванд(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (20 October 2020).
- ↑ Tajikistan society news(англ.). Asia-Plus (2020).
- ↑ Emomali Rahmon won the presidential elections in Tajikistan for the fifth time(англ.). Asia-Plus (12 October 2020).
- ↑ Elections in Tajikistan(англ.). OSCE/ODIHR (2020).
- ↑ ЦИК Таджикистана огласила окончательные итоги президентских выборов(рус.). Asia-Plus (14 October 2020).
- ↑ Central electoral commission announces the final results of the presidential elections(англ.). Asia-Plus (15 October 2020).
- ↑ Emomali Rahmon swears in for his fifth term as Tajikistan's president(англ.). Asia-Plus (30 October 2020).
- ↑ Emomali Rahmon swears in for his fifth term as Tajikistan's president(англ.). Asia-Plus (30 October 2020).
- ↑ Tajikistan power news archive — November 2020(англ.). Asia-Plus (2 November 2020).
- ↑ Cabinet reshuffle: Who is in Emomali Rahmon’s new cabinet(англ.). Asia-Plus (4 November 2020).
- ↑ Tajikistan power news archive — November 2020(англ.). Asia-Plus (10 November 2020).
- ↑ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020).
- ↑ Tajikistan’s largest solar power plant launched in Gorno Badakhshan(англ.). Asia-Plus (13 November 2020).
- ↑ U.S. Embassy in Tajikistan(англ.). U.S. Embassy in Tajikistan (2020).
- ↑ Tajikistan power news archive — November 2020(англ.). Asia-Plus (18 November 2020).
- ↑ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020).
- ↑ Tajikistan intends to attract US$340 million of external loans for completion of construction of Roghun HPP(англ.). Asia-Plus (24 November 2020).
- ↑ World Bank in Tajikistan(англ.). World Bank (2020).
- ↑ Electricity rationing hinders economic activity in Tajikistan, says EDB report(англ.). Asia-Plus (3 December 2020).
- ↑ Tajikistan: Economy and development(англ.). Asian Development Bank (2020).
- ↑ Barqi Tojik: All regions will have regular electricity supplies beginning on December 10(англ.). Asia-Plus (9 December 2020).
- ↑ World Bank in Tajikistan(англ.). World Bank (2020).
- ↑ Parliament approves new composition of government today(англ.). Asia-Plus (10 December 2020).
- ↑ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020).
- ↑ Coronavirus in Tajikistan: 12,588 officially confirmed cases of COVID-19 reported in Tajikistan as of the evening of December 10(англ.). Asia-Plus (11 December 2020).
- ↑ Laboratory system strengthening in Tajikistan important factor in the response to COVID-19 during 2020(англ.). World Health Organization (2020).
- ↑ Гази Ӯзбекистон дубора баъди 10 сол ба Суғд омад(тоҷ.). Asia-Plus (23 December 2020).
- ↑ Гази табии Узбекистон ба вилояти Суғд расид(тоҷ.). Радиои Озодӣ (23 December 2020).
- ↑ Гази табии Ӯзбекистон баъди 10 сол ба Суғд расид(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (23 December 2020).
- ↑ Tajikistan Economic Update – Fall 2020(англ.). World Bank (23 December 2020).
- ↑ Tajikistan’s Post COVID-19 Recovery Could be Faster and More Sustainable with Private Sector Participation(англ.). World Bank (23 December 2020).
- ↑ Ифтитоҳи корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои ҶДММ «Асрори санг» дар шаҳри Душанбе(тоҷ.). Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (24 December 2020).
- ↑ Ифтитоҳи корхонаи коркарди санги хоро ва мармар дар Душанбе(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (24 December 2020).
- ↑ Ифтитоҳи корхонаи коркарди санги хоро ва мармар дар шаҳри Душанбе(тоҷ.). Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 December 2020).
- ↑ Сдача в эксплуатацию предприятия по переработке гранита и мрамора в городе Душанбе(рус.). Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 December 2020).
- ↑ Раҳмон гуфт, дар панҷ сол ҳоҷати воридот намемонад: ифтитоҳи корхонаи санги хоро ва мармар(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (24 December 2020).
- ↑ Донишманди тоҷик медали Нобел ба даст овард(тоҷ.). Asia-Plus (25 December 2020).
- ↑ Олими тоҷик медали Нобел гирифт(тоҷ.). Ҷумҳурият (8 January 2021).
- ↑ Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2020(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Хабари хуш! Дар як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (31 December 2020).
- ↑ Laboratory system strengthening in Tajikistan important factor in the response to COVID-19 during 2020(англ.). World Health Organization (2020).
- ↑ Ситуация по коронавирусу на 31 декабря 2020 года: Таджикистан(рус.). Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (31 December 2020).
- ↑ Натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2020(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23 августи 2026 санҷида шуд.