Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Соли 2014

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Солҳо
2010 · 2011 · 2012 · 2013 — 2014 — 2015 · 2016 · 2017 · 2018
Даҳаҳо
1990-ум · 2000-ум — 2010-ум — 2020-ум · 2030-ум
Садаҳо
садаи XX  — садаи XXI  — садаи XXII 

Соли 2014 (ду ҳазору чордаҳум)-и тақвими григорӣ — соли маъмулӣ аст, ки аз рӯзи чоршанбе оғоз мешавад. Ин соли 2014-и мелодӣ, соли 4-уми даҳаи юми асри 21.13-и ҳазораи 3.013, соли چҳоруми солҳои 2014-ум аст.


  • 2 апрел — дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави коркарди ширии ширкати «Афзали Суғд» ба истифода дода шуд. Корхона ба коркарди шир ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ машғул буда, ба рушди саноати хӯрокворӣ ва коркарди ашёи хоми дохилӣ мусоидат намуд.[2]
  • 26 июл— қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба савдои одамон такмил дода шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» 26 июли соли 2014, №1096 қабул гардид. Қонун асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон, ҳимоя ва расонидани кӯмак ба қурбониёни онро муайян намуд.[3]
  • 10 сентябр — зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон агрегати дуюми НБО «Сангтӯда-2» ба истифода дода шуд. Ба кор даромадани агрегати дуюм иқтидори истеҳсоли нерӯи барқи нерӯгоҳро афзоиш дода, дар таҳкими истиқлолияти энергетикии кишвар аҳамияти муҳим дошт.[4]
  • 13 сентябр — зимни сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон маросими оғози сохтмони қитъаи тоҷикистонии лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» баргузор гардид. Қитъаи Тоҷикистон зиёда аз 400 километр дарозӣ дошта, арзиши пешакии лоиҳа дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 3,2 миллиард доллари ИМА арзёбӣ гардид.[5][6]
  • 13 сентябр — агрегати дуюми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ба кор дароварда шуда, иқтидори барқии навбати аввал ба 100 МВт расонида шуд. Ҳамзамон сохтмони навбати дуюми марказ оғоз гардид.[7][8]
  • 18 сентябр — дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди Душанбе — Турсунзода мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, ҳамчун яке аз лоиҳаҳои муҳими рушди инфрасохтори нақлиётии кишвар татбиқ гардид. Сохтмони роҳи Душанбе — Турсунзода аз ҷумлаи лоиҳаҳои калони нақлиётие буд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили беҳтар намудани робитаҳои дохилӣ ва пайвастан ба шабакаҳои байналмилалии нақлиётӣ арзёбӣ гардидааст.[9]
  • 19 декабр — дар ноҳияи Данғара бо гузоштани санги асос сохтмони яке аз бузургтарин маҷмааҳои истеҳсолии нассоҷии минтақа оғоз гардид. Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ шуда, барои коркарди пурраи нахи пахта, истеҳсоли матоъ ва ташкили ҳазорҳо ҷойи корӣ пешбинӣ гардид. Ҳаҷми сармоягузории пешбинишуда 260 миллион доллари ИМА арзёбӣ шуда буд.[10][11]
  • Дар марҳилаи аввали он беш аз 52 000 тонна нахи пахта мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад. Дар ин ҷо 4 корхонаи нав - ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ бунёд ёфта, дар маҷмӯъ 6 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Ин маҷмааи муштараки Тоҷикистону Чин буда, коргоҳҳои саноатии он бо ворид намудани навтарин технология аз ширкатҳои дорои шуҳрати ҷаҳонӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои аврупоии Италия, Швейсария, Олмон ва аз худи Чин бунёд меёбад. Дар навбати аввал ё худ дар корхонаи ресандагии маҷмаа, ки то моҳи октябри соли 2015 ба кор омода хоҳад шуд, 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор ҷалб карда мешаванд. Ин маҷмаа бо харҷи қариб 1,5 миллиард сомонӣ дар зарфи 2 соли оянда сохта ва пурра ба кор дароварда мешавад.[12]
  • Соли 2014 — дар Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ва инфрасохтори нақлиётӣ як қатор лоиҳаҳои муҳими давлатӣ ва минтақавӣ идома ёфтанд. Аз ҷумла, сохтмони роҳҳои байналмилалии Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ — Қулма, Душанбе — Турсунзода ва роҳи оҳани Ваҳдат — Ёвон — Қӯрғонтеппа дар доираи сиёсати рушди инфрасохтори коммуникатсионӣ амалӣ гардид.[13]


Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. ↑ Babilon-Mobile announces Free Zero Wikipedia Access http://www.babilon-m.com/eng/services/wikipedia/ Бойгонӣ шудааст 11 марти 2016  сол.
  2. ↑ Ифтитоҳи корхонаи коркарди шири Афзали Суғд(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (2 апрели 2014).
  3. ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон»(тоҷ.). ADLIA — Базаи маълумоти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 июли 2014).
  4. ↑ Дастовардҳои соҳаи энергетика аз Ваҳдат то Ваҳдат(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (1 май 2015).(пайванди дастнорас)
  5. ↑ 3000 шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби ҷои кор мегардад(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (15 сентябри 2014).
  6. ↑ Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи тақвияти минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (13 сентябри 2014).
  7. ↑ Речь Эмомали Рахмона на церемонии запуска второго агрегата первой очереди ТЭЦ «Душанбе-2»(рус.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (13 сентябри 2014).
  8. ↑ Лидер нации открыл Теплоэлектроцентраль «Душанбе-2»(рус.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (Декабр 2016).
  9. ↑ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014).
  10. ↑ Суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос барои сохтмони «Маҷмааи истеҳсолии нассоҷӣ» дар ноҳияи Данғара(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (19 Декабри 2014).
  11. ↑ Сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ва рушди маҷмааи нассоҷии «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016).
  12. ↑ ОҒОЗИ СОХТМОНИ БУЗУРГТАРИН МАҶМААИ КОРГОҲҲОИ НАССОҶӢ ДАР ДАНҒАРА(пайванди дастнорас)
  13. ↑ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014).